ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Роҳи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш мегардад

Август 31, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 августи соли равон бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфаршкунии кӯчаи ба номи Охунҷон Каримови Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Мумфаршкунии роҳи мазкур   бо фармоиши сокинон  ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ шуда, дарозии он 2 км ва паҳноиаш  7 метрро ташкил медиҳад.  Тибқи нақша,  барои иҷрои кор зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ сарф мегардад.

Раиси вилоят зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов   корҳои ободониву мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, дар давоми 8 моҳи соли равон  дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз 2,5 км роҳ, аз ҷумла,  кӯчаҳои ба номи Қобилшех  Содиров  750 метр, Тоҷикистон 670 метр, Баҳор 230 метр ва  ба номи Маннон Латифов 400 метр мумфарш карда шудааст.

Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 31, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд