Олимони Институти астрофизикаи Тоҷикистон дар машварати ҷаҳонии COSPAR -2024 иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар машварати бонуфузи ҷаҳонии Кумитаи тадқиқоти кайҳон COSPAR-2024 дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Институти астрофизика хабар доданд, машварат баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои инноватсионӣ, барномасозӣ, истифода ва таҳлил намудани махзанҳои ҷаҳонӣ дар самти тадқиқоти астрономия ва астрофизика то 31 август идома меёбад.
Дар машварати байналмилалӣ олимон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Ҳиндустон, Швейтсария ва Испания маъруза мекунанд.
Дар доираи машварат аз ҷониби профессорони марказҳои илмии пешрафтаи ҷаҳон маърузаҳо ва дарсҳои амалӣ гузаронида мешаванд. Дар корҳои амалии машварат масъалаҳои муҳими Офтоб ва Замин оид ба обу ҳавои кайҳонӣ баррасӣ мегарданд.
Олимон маълумот ва барномаҳои Спектрометри эмиссияи радиои офтобии e-Callisto-ро, ки қисми шабакаи байналмилалии спектрометрҳо буда, дар доираи барномаҳои гелиофизикӣ фаъолият менамоянд, меомӯзанд. Ин маълумоти зарурӣ минбаъд ба омӯзиши физикаи Офтоб дар Институти астрофизика асос мегузорад.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






