ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Беморхонаи клиникии вилояти Суғд 300 тонна ангишт захира менамояд
ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд ва бе мушкилӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 Беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 1-и вилояти Суғд 300 тонна ангишт захира менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Беморхона дорои 13 шуъбаи хизматрасонии тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагидорӣ буда, то имрӯз 7 шуъбаи беморхона аз таъмир бароварда шудааст. Ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва кории беморхона ба тариқи системаи ягонаи гармидиҳӣ дар фасли сармо бо гармӣ таьмин карда мешаванд.
Беморхона дорои 31 шуъба буда, аз калонтарин муассисаҳои тиббии вилоят ба шумор меравад. Дар он 246 нафар табибон ва 323 нафар кормандони миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






