Пешвои миллат: «Баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ Душанберо чун шаҳри сулҳу дӯстӣ муаррифӣ менамояд»

Август 30, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, яъне нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ омили муҳими тақвияти саломатӣ ва дӯстиву ҳамкории инсонҳо ба шумор рафта, пойтахти Тоҷикистони азизи мо – шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри сулҳу дӯстӣ муаррифӣ мекунад», -чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»- и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сарвари давлат изҳори боварӣ намуданд, ки баргузории ин мусобиқа марҳилаи тозаеро дар шинохти варзиши миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ оғоз менамояд ва ҷаҳониён шаҳри Душанберо ҳамчун мизбони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ беҳтару бештар мешиносанд.

«Басе рамзӣ аст, ки ин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддасу таърихии тоҷикон – Истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир гардида, ба ин ҷашни бузурги миллии мо шукуҳи тоза мебахшад», -изҳор доштанд Пешвои миллат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 30, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд