Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад

Август 19, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 август бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар дод. 

Дар доираи сафар бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ доир мешавад.

Барои имзо бастаи калони ҳуҷҷатҳо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии онҳо Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ хоҳад буд.

Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Дар барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешбинӣ шудааст.

Дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе, инчунин консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Август 19, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд