Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳамкории филмсозони ду давлатро тақвият мебахшад

Август 21, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 20-21 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Қазоқистон баргузор мегарданд. Рӯзҳои кинои Қазоқистон 20 август, соати 17:30 дар кинотеатри «Ватан» оғоз гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Қазоқистон Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт, ки баргузории ин рӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми дӯстдорони синамо рӯйдоди муҳим ва таърихӣ мебошад. Он ба таҳкими робитаи филмсозони ду давлат мусоидат намуда, имкони ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаи синамо фароҳам меорад.

«Мухлисони тоҷик кинои қазоқиро дӯст медоранд, зеро он тарзу услуби махсус дошта, бинандаро ба худ ҷалб мекунад»,-гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.

Ҳунармандони номдори синамои тоҷик Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Ато Муҳаммадҷонов, Сайидо Қурбонов ҳанӯз аз соли 1988 дар филмҳои қазоқӣ, аз қабили «Султон Бейбарс», «Бозгашт ба А», «Осмони айёми бачагии ман», «Тӯфони уран», «Роҳи пешво», «Дарёи оташ» ва «Роҳи оҳан» нақш бозидаанд.


«Мо хеле шод ҳастем, ки солҳои охир филмҳои таҳиянамудаи коргардонҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар кинофестивалҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд», — афзуд Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».

Сардори раёсати кинематографияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон Гани Муратов изҳор намуд, ки баргузории Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳаикории судманди синамогарони ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

«Ба ин восита мо аз таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои якдигар бештар огоҳ мешавем, зеро филмҳои таҳиянамудаи ҷонибҳо бештар ба ҳамин мавзуъҳо бахшида шудаанд», — гуфт Гани Муратов.

Дар ин рӯз меҳмонон ва дӯстдорони филмҳои қазоқӣ филми ҳунарии «Шамшери алмосӣ»-ро тамошо карданд.

Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз низ идома ёфта, соати 10:00 филми «Амалиёти Набот» ва соати 17:00 филми «Дос Мукасан» дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин ин филмҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ пешкаши мухлисони кино гардонида мешаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 21, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид