Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон бо гулчанбаргузорӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба иди касбии табибон — Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон дар пояи муҷассамаи табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино маросими гулчанбаргузорӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки ба ифтихори ин рӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир мегардад. Ҳамчунин дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бахшида ба иди касбии табибон ҷамъомаду вохӯриҳо гузаронида шуда, мутахассисони соҳа бо мукофоту ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Дар зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино иди касбии табибон — Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон рамзӣ буда, кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бори дигар водор месозад, ки ворисони арзандаи ин табиби ҳозиқ бошанд ва баҳри солимии мардуми тоҷик кӯшишу талош намоянд.
Абуалӣ ибни Сино 18 августи соли 980 дар оилаи тоҷик ба дунё омада, дар ҷаҳон олим ва адиби пурмаҳсултарин эътироф гаштааст. Пажуҳишгароне, ки ба омӯзиши ҳаёту фаъолияти ин нобиғаи соҳаи тиб машғуланд, бар он назар ҳастанд, ки Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ таълиф намудааст. Аз ин теъдод то замони мо танҳо 274 рисолаи илмӣ маҳфуз мондааст. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан 150 рисола дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои он ба илми тиб мансуб мебошанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ал-Шифо» ва «Ал-Қонун фит-тиб» мебошанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри ХIХ истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ саҳми ниҳоят арзишманд гузоштааст. Аз ин ҷост, ки ӯро дар олам чун пешоҳанги тибу фармакологияи клиникӣ ва бо номи Авитсенна мешиносанд.
Имрӯз яке аз бузургтарин муассисаҳои олии мамлакат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино-ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника аз 1 марти соли 1967 муқаррар карда шудааст. Инчунин акси ин фарзанди фарзонаи миллат дар пули миллии мамлакат инъикос ёфта, имрӯз ба номи ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд. Пайкараву нимпайкараҳои Абӯалӣ ибни Сино дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат қомат афрохтаанд.
Шуруъ аз соли 1994 18 август- рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино иди касбии табибон — Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






