Роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом, Гулистон – Кӯлоб, Гулистон – Фархор, Гулистон – Данғара, Ховалинг – Сангвор ва Балҷувон – Сарихосор навсозӣ мешаванд

Август 26, 2024 10:22

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати ҷалби сармоя лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом (75 км), Гулистон – Кӯлоб (32 км), Гулистон – Фархор (40 км), Гулистон – Данғара (49 км), Ховалинг – Сангвор (70 км) ва Балҷувон – Сарихосор (58 км) корбарӣ шуда истодаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе роҳбарияти Вазорати нақлиёти мамлакат бо намояндагони бахши нақлиётии Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) масъалаи сохтмони 51 долони зиддитармавиро бо дарозии 5,2 километр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Айни замон дар мамлакат 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари ИМА, тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ, татбиқ шуда истодааст. Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои мошингарди Обигарм – Нуробод, қитъаҳои 1 ва 2, Душанбе – Бохтар, қитъаи Қизилқалъа – Бохтар бо дарозии 9,2 км, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт бо масоҳати 58,9 км, Данғара – Лолазор бо дарозии 28,9 км, сохтмони марҳалаи дуюми нақби «Истиқлол», Душанбе – Кулма, қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон идома доранд. Имсол тибқи нақша, дар ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 436 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 23 пул бо дарозии 1,9 километр, 3 нақб бо дарозии 5,2 километр ва 156 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта ба истифода дода мешаванд, ки инҳо: роҳи Роғун-Обигарм –Нуробод 76 километр, Бохтар-Леваканд –Лолазор –Данғара 69 километр, аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун 11 километр ва нақби «Истиқлол» марҳиллаи 2 мебошанд.

Дар баробари лоиҳаҳои татбиқшаванда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба марҳала ба марҳала пурра таҷдиду таъмир намудани роҳҳо бояд 573 км роҳи мошингард ва 71 км роҳи оҳан лоиҳакашӣ карда шаванд. Аз ҷумла, роҳҳои мошингарди Айнӣ – Мастчоҳи Кӯҳӣ, Ғуфуров – Булоқ – Пунгон, Бохтар – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ, Хоруғ – Роштқалъа, роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб, роҳи таворавии шаҳри Душанбе, Чимтеппа – Чиртак, сохтмони дутоӣ пул дар ноҳияҳои Рӯдакиву Восеъ, панҷ пул бо 5 км роҳ дар минтақаи Рашт, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд ва ғайра. Дар роҳи мошингарди Варшез – Кулма, аллакай, корҳои топографӣ оғоз шуда, инчунин, асосноккунии техникӣ – иқтисодии метрои шаҳри Душанбе аз ҷониби коршиносони кореягӣ идома дорад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 26, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд