ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, якшанбе, 217-умин рӯзи соли 2024 аст

Август 4, 2024 08:00

4 августи соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиши байналмилалии «Рушди энергетикаи Афғонистон» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса Протокол оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид.

***

4 августи соли 2011 дар шаҳри Истаравшан дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

4 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

***

4 августи соли 2021 баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд.

***

4 августи соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе қариб 70 ширкати бонуфузи сохтмонии ватанию хориҷӣ дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» имконият ва иқтидору зарфияти худро ба намоиш гузоштанд.

***

4 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.

4 АВГУСТ:

Дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил.

***

Дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Бурҳониддин Баҳоваддинов — соли 1953 — духтури хуншинос (гематолог), доктори илми тиб, профессор, Аълочии тандурустии Тоҷикистон.

 

Август 4, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид