Тоҷикистон ва Қазоқистон Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро имзо намуданд

Август 25, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/.  22 август дар шаҳри Душанбе Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мақсади ин барнома иҷрои маҷмуи тадбирҳо вобаста ба инкишоф додани ҳамкории самаранок дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи барнома ташкили низоми омода намудани варзишгарони дараҷаи олӣ ба чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ, истифодаи самараноки иншооти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин табодули таҷриба дар соҳаи варзиш ва таъмини зиддидопингӣ дар назар аст.

Татбиқи ин барнома ҳамкории мақомоти давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташкилоти ҷамъиятӣ ва минтақавии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таъмин менамояд.

Дар доираи барнома баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили конференсияҳои илмӣ, машваратҳои омӯзишӣ, симпозиум оид ба масъалаҳои мубрами рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо иштироки мутахассисон дар ҳудуди ду давлат дар назар дошта шудааст.

Инчунин тибқи барнома, ташкил ва баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди ду давлат ва сохта ба истифода додани иншооти соҳаи варзиш ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад