Тоҷикистон ва Эрон барои табодули таҷрибаи табибон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон Созишномаи ҳамкорӣ барои ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.
Созишномаи ҳамкорӣ 23 август зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва роҳбари донишгоҳ Алиризо Золӣ ба имзо расид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмию амалӣ, машварат ва гуфтугӯ бобати рушду равнақ додани ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, байни муассисаҳои тиббӣ ва тиббию илмӣ дар самти мубодилаи таҷриба, бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мутахассисони эронӣ дар давлати мо, тайёр кардани мутахассисони илмию амалии соҳаи тандурустӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо эҳтиёҷ зиёд аст ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ба номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ, ангиоҷарроҳ, корманди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ Дориюш Раҷабов, ки даври омӯзишии шашмоҳаи эндоваскуляриро дар Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон хатм намудааст, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дипломи байналмилалӣ супорида шуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






