Варзишгари тоҷик Ҳақназар Назаров дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни -86 кг медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингириро ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври ниҳоӣ паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров варзишгари узбек Умар Бозоровро мағлуб намуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид Гӯштингирӣ паҳлавонон аз рӯи 4 вазн то 65, 70, 71 кг ва ҷамъи 95 қувваозмоӣ намуданд.
Дар вазнҳои то 65, 71 ва ҷамъи 95 кг байни мардон варзишгарони тоҷик — Муллораҷаб Халифаев, Масъуди Аҳмадзод ва Шакармамад Мирмамадов пирӯзӣ ба даст оварда, нахустин чемпионҳои ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ шуданд.
Дар вазни то 70 кг байни бонувон варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон Гулноза Матниёзова чемпиони ҷаҳон ва Шоҳида Қаландарова соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари амрикоӣ тақдим мегардад.
Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро гирифтанд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари амрикоӣ сарфароз гардонида мешавад.
АКС ТВ Варзиш
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






