Ёддошти ҳамкорӣ байни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Маҷмааи ҷавонони Қазоқистон ба имзо расид

Август 23, 2024 14:35

ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар шаҳри Душанбе Ёддошти ҳамкорӣ байни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Маҷмааи ҷавонони Қазоқистон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсад аз он амалӣ намудани муносибатҳои шарикӣ, рушди ҳамкории дарозмуддат ва самаранок байни тарафҳо мебошад, ки ба татбиқи созишнома равона гардидааст.

Санади ҳамкорӣ бунёдӣ буда, сохт, усулҳо ва қоидаҳои умумии муносибатҳои байни тарафҳоро муайян мекунад. Дар чорчӯбаи он тарафҳо метавонанд дар шакли хаттӣ шартномаҳои алоҳида ва созишномаҳои иловагӣ банданд, ки шарту тартиби мушаххаси ҳамкории байни тарафҳоро пешбинӣ менамояд.

Инчунин дар доираи ин ҳуҷҷат ҷонибҳо муносибатҳоро дар асоси баробарҳуқуқӣ ва шарикии мутақобилан судманд, расонидани кумаки машваратӣ ва иттилоотӣ ва дастгирӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои муштарак амалӣ менамоянд.

Тарафҳо таҷрибаи андӯхтаро дар ин самти ҳамкорӣ бо ҳамдигар мубодила намуда, натиҷаҳои мусбати фаъолиятро дар доираи лоиҳаҳои муайян ҷамъбаст мекунанд.

Дар доираи ин санад гузаронидани чорабиниҳои муштарак, амалӣ намудани ҳамкории шарикӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштарак дар назар дошта шудааст.

Ёддошти ҳамкорӣ имконияти мусоид барои мубодилаи таҷриба, барқарор кардани тамосҳои нав ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак буда, дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон қадами муҳим мебошад.

Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои он ба тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ду давлат равона шудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 23, 2024 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд