Занони Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар самтҳои гуногун тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 август дар Душанбе бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроия ва қонунгузори ҳокимияти давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, шахсони масъул оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон, ноил шудан ба баробарии гендерӣ, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, олимон ва соҳибкорзанон таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид.
Раиси Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар бахши занон муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории форум имконияти хубе буд барои муаррифӣ намудани дастовард ва пешравиҳое, ки занони тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст оварданд. Инчунин он барои занони ҳарду давлат бобати табодули таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди ташаббусҳои нав иқдоми муҳим аст.
«Таҷрибаи фаъолияти занони тоҷик аз ҷониби занони Қазоқистон дар Форуми занони ҳарду ҷониб, ки аввали моҳи август баргузор гардид, чун намунаи ибрат ва роҳнамои кор пазируфта шуд»,-афзуд Муҳиба Маҳмадҷонова.
Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамеша ташаббусҳои занонро дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
«Соҳибкории занони тоҷику қазоқ сол то сол фарохтар гардида, онҳо ҳамкориро дар ин самт тақвият мебахшанд. Мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва усулҳои амалияи муваффақ, коркарди лоиҳаҳо ва иқдоми муштарак, ки ба баланд бардоштани мавқеи занони ҳарду давлат равона шудаанд, масъалаҳои муҳиме барои ҳамкории ҳарду ҷониб мебошанд»,-гуфт Муҳиба Маҳмадҷонова.
Ёдовар мешавем, ки 1 август дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид. Ҳадафи он аз мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва усулҳои амалияи муваффақ, коркарди лоиҳаҳо ва иқдоми муштарак иборат буда, ба баланд бардоштани мавқеи занони ҳарду давлат равона гардид.
Зимин форум иброз шуд, ки муносибат ва шарикии стратегӣ на танҳо дар самти ҳуқуқи занон, балки барои ҳамраъйӣ дар мубориза ва нигоҳ доштани сулҳ дар тамоми сайёра, аз ҷумла дар давлатҳои ҳарду ҷониб хеле муҳим аст.
Ҳамчунин дар доираи форум ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон аз мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаи Қалъаи Ҳисорро тамошо карда, бо фарҳанги қадимии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Онҳо дар ин осорхона бо намунаи либосҳои мардонаву занонаи қадимии миллати тоҷик, асбоби рӯзгор ва дигар маҳсули ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда, иброз доштанд, ки ин ёдгориҳо бозгӯи бо ҳам қаробат доштани урфу одат ва анъанаҳои миллатҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.


Таъкид шуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо осору ҳунарҳои нодир дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим гузоштаанд.
Меҳмонон пас аз дидану шунидани таърихи ин мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, табиати афсункор, ҳавои мусоид, меҳмоннавозии мардуми тоҷик иброз доштанд, ки миллати тоҷик дар ҳақиқат меҳмондӯст аст.
Ёдовар мешавем, ки тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ду давлат бар асоси анъана ва арзишҳои муштарак робитаҳои бародарона доранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






