АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво паст мешавад

Сентябрь 29, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 29.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи октябри имсола ба соли 2012 монанд хоҳад шуд. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар даҳаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Ҳамзамон ҳаво номусоид шуда, боридани  борон аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорат 14+16 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ рӯзона ҳаво дар водиҳо то 29 ва шабона то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ рӯзона то 25 ва шабона то 15 дараҷа гармӣ дар назар аст.  Дар нимаи аввали моҳ асосан ҳавои хушк боқӣ монда, дар нимаи дуюми моҳ ҳавои номусоид ва бориши борон аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.

Моҳи октябр дар  водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 15 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 9 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ реҷаи нисбатан баланди ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Даҳаи дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона то 11 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ва рӯзона то 11 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон авввали моҳ ҳарорати баланд ва нимаи дуюми моҳ  ҳаво аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ мешавад.  Шабона ҳаво аз 4 то 12  ва рӯзона аз 14 то 20 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам дар назар дошта шудааст.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво аз 1 то 4 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1-4 дараҷа хунук дар назар аст. Даҳаи дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 6 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3+8 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад