Ҳамкории минтақавӣ дар самти татбиқи конвенсияҳо оид ба гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо биёбоншавӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаи минтақавӣ оид ба татбиқи се конвенсия, аз қабили конвенсияҳо оид ба гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо биёбоншавӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафир оид ба супоришҳои махсус, намояндаи махсуси вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои иқлим Сергей Кононученко дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот ҳамзамон иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронсҳои Тарафҳо оид ба се конвенсияи мавриди назар, таҳияи мавқеи ягона оид ба қабули қарорҳо, ташкили вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар раванди конфронсҳои Тарафҳо оид ба татбиқи ин конвенсияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум ба таҳкими ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологии давлатҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд






