Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод 233 иншоот бунёду навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 233 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз сохтмони 108 иншоот анҷом ёфтааст, ки 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Мо имрӯз дар маросими ба истифода додани якчанд иншооти муосир, ки бо тарҳи милливу замонавӣ бунёд шудаанд, иштирок намудем ва корҳо дар самти бунёду навсозии даҳҳо иншооти дигар бомаром идома доранд», -иброз доштанд Сарвари давлат.
Ба таъкиди Пешвои миллат, бо ифтитоҳи иншооти гуногуни навбунёд симои ноҳия боз ҳам зебо гардида, ба яке аз гӯшаҳои обод ва хушманзари диёрамон табдил меёбад.
Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод беш аз 4 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 1,5 миллиард сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.
«То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 8 лоиҳаи дигар идома дорад. Дар доираи онҳо қариб 1,4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст», -изҳор доштанд дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ин лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва омӯзиши касб, беҳтарсозии вазъи инфрасохтори барқрасонӣ, бунёду навсозии роҳҳои мошингард, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






