Ба китобхонаи вилоятии Хатлон 1000 китоб тақдим гардид

Сентябрь 6, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба китобхонаи вилоятии Хатлон беш аз 1000  китоби бадеию илмӣ ва таълимӣ тақдим менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ин иқдом дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки ин китобҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия, ошноӣ пайдо намудан бо осори олимону муҳаққиқон ва коршиносони Русия дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Маросими тақдими китобҳо дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 6, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад