Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон нафақахӯрону маъюбони шаҳри Душанбе ба сайри Қалъаи Ҳисор рафтанд

Сентябрь 28, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон (1 октябр) зиёда аз 100 нафар нафақахӯрону маъюбони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе аз пойтахт ба сайри шаҳри Ҳисор рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар доираи ин сайр иштирокчиён мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисорро дар шаҳри Ҳисор тамошо намуда, дар гӯшаҳои осорхонаи Қалъаи Ҳисор бо урфу одат, расму ойини қадимӣ ва анъанаҳои миллӣ шинос шуданд.

Таъкид шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ мавқеи махсус дорад. Дар ин радиф барои таъминоти иҷтимоии пиронсолон ҳамчун гурӯҳи осебпазири ҷомеа ва сармояи бебаҳои инсонии миллат, ки ба таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии молиявӣ, тиббӣ ва маънавӣ ниёз доранд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Дар фарҷоми чорабинии сайёҳӣ аз ҷониби шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангиву фароғатӣ намоиш дода шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид