Барои таъсиси Маркази миллии таълимии гузаштани зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Маркази миллии таълимӣ барои гузаштани зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ” дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ин ёддошт дар доираи ташаббуси Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) «Шуълаи умед» омода гардидааст, ки ҳадафи он баланд бардоштани имконият ва захираҳои мамлакат барои мубориза бар зидди бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар вохӯрӣ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва муовини якуми директори ин Агентӣ Матин Ахмедов ҳамкории дуҷониба байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазоратӣ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Ёддошти ҳамкорӣ якчанд самти ҳамкориро дар бар мегирад, аз ҷумла ҳамкорӣ вобаста ба таъсис ва сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ, таъмини марказ бо технологияҳо ва захираҳои муосир, муайян кардан ва омодасозии кадрҳои босалоҳияти дорои қобилияти баланди роҳбарӣ ва идоракунии барномаҳои муштараки таълимӣ. Ҳарду ҷониб изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардида, ба рушди технологияҳои инноватсионӣ, инчунин баланд бардоштани малакаи касбии табибон дар соҳаи саратоншиносӣ мусоидат мекунад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






