ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод

Сентябрь 20, 2024 09:11

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати  ҷаҳон-2024 дар шаҳри Тошканд анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Футзалбозони тоҷик дар даври дуюм бо чемпиони феълии ҷаҳон – дастаи яккачини Португалия вохӯрданд. Бозӣ бо ғалабаи Португалия – 3:2 ба анҷом расид.

Бо вуҷуди мағлубият дастаи мунтахаби Тоҷикистон имконияти аз гурӯҳ баромаданро дорад. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2024 дастаи моро зарур аст, ки 22 сентябр бар тими Панама пирӯз шавад ва ҳамчунин дар дигар гурӯҳҳо ду тими дигар бо натиҷаи бадтар зинаи севумро касб кунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад