Дар ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Файзобод бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 23, 2024 12:00

ФАЙЗОБОД, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Заркамари ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Файзобод  бинои  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Файзобод хабар доданд.

Бинои муассисаи таълимӣ аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон ба маблағи 132 ҳазору 708 доллари ИМА бунёд гардида, аз 10 синфхонаи барҳаво, таҷҳизоти муосири таълимӣ ва мизу курсӣ иборат аст.

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  ҳамчунин шаш синфхонаи иловагӣ бо 150 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳаи Шаҳтакиён,  2 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳаи Гултеппа ва бинои муассисаи таълимии нав дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия ба истифода дода шуд. Ин биноҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону сокинони деҳаҳо сохта шудаанд.

Сокинони  ноҳияи Файзобод барои амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ноҳияро ободу зеботар гардонида, дар рушди иқтисодию иҷтимоии он саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Сентябрь 23, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд