Дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Шабакаи оби нӯшокӣ барқарор гардид

Сентябрь 11, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд, ки аз 7 то 10 сентябр доир шуд,  дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Шабакаи оби нӯшокӣ барқарор гардид. Зимни ба истифода додани он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаи оби нӯшокии истифодаи умуми Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон» дар доираи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Макони озод» татбиқ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалишавии лоиҳа 12 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Дар доираи лоиҳа як обанбор пурра таъмир ва дар масофаи 11 километтр қубурҳои обгузар хобонида шуда,  беш аз 980 ҳавлии истиқоматӣ, ки 4550 нафар аҳолии Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон дар он истиқомат доранд, бо оби нӯшокии тоза таъмин гардид.

Сохтмону азнавбарқарорсозии шабакаи оби нӯшокии истифодаи умуми Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон моҳи сентябри соли 2023 оғоз ёфта, он моҳи сентябри соли 2024 ба истифода дода шуд.

Лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаи оби нӯшокии истифодаи умуми Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Сентябрь 11, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд