Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Ҳисор Маркази адлия ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ 5 сентябр дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои нави хуштарҳу замонавии Маркази адлия ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бинои хуштарҳу замонавии Маркази адлия ҷойгир шуда, аз ҳуҷраҳои бойгонӣ, роҳбарият, толори ақди никоҳ ва бойгонӣ иборат аст. Дар китобхонаи он асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд мебошанд, ки аз он кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳр истифода мебаранд.
Иброз гардид, ки толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст. Дар толор барои сабти ақди никоҳи навхонадорон шароити муосир фароҳам мебошад.
Кормандони марказ шаҳрвандон ва корафтодагонро тибқи равзанаи нави электронӣ қабул менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






