Дар Боғи Умари Хаёми ноҳияи Сино 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил карда шуд

Сентябрь 7, 2024 16:52

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Боғи фарҳангиву фароғатии Умари Хаёми ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар барнома сокинони ноҳия ҳунарҳои мардумиро намоиш дода, аҳли ҷомеа ҷашни 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шодию нишот ва сазовор пешвоз гирифтанд.

Бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ имрӯзҳо дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе  корҳои созандагӣ ва бунёдӣ идома дошта, бо шарофати он Тоҷикистон ба давлати пешрафта  ва зебоманзари дунё табдил мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Сентябрь 7, 2024 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд