Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва директори филиали Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки 24 сентябр доир шуд, масъалаҳои омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология, ҷалби донишҷӯёни самти IT-технология ба таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин гардидани онҳо баррасӣ гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо ҳамзамон баргузории суҳбатҳо оид ба имконияти бонк ва сиёсатии кадрии он, таъсиси маркази таълимӣ-бонкӣ дар донишгоҳ, таъсиси стипендияҳои номӣ барои донишҷӯёни фаъол, аз машғулияти таълимӣ-сертификатсионӣ гузаронидани кормандони бонк ва амалигардонии лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ректори Донишгоҳи технологӣ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки ҳоло дар факултети технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъии донишгоҳ мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои системаҳои компютерӣ ва интернет – технологияҳо, системаи автоматишуда, системаҳои компютерии бонкӣ, системаҳои таъмини бехатарии маълумот, таъминоти барномавӣ ва математикии истеҳсолоти автоматонӣ, муҳандисии барномавӣ, интеллекти сунъӣ ва технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт омода карда мешаванд.
Ҳамкории байналмилалии донишгоҳ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология васеъ буда, донишгоҳ бо донишгоҳҳои бонуфузи Кореяи Ҷанубӣ, ташкилоти «WTIT — Интиқоли ҷаҳонии технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон», Фонди миллии таҳқиқотии Корея (NRF) ва Ташкилоти кореягӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди тадрис ва омодасозии мутахассисон тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.
Иброз гардид, ки ҷонибҳо бо пайдо гардидани имконияти бештар кӯшиш менамоянд дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология дар сатҳи сифатан нав ҳамкорӣ намуда, ба натиҷаҳои назарраси муштарак ноил шаванд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд






