Дар Душанбе масъалаи ҷалби қувваи корӣ барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Тотористон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо муовини Вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон Клара Тазетдинова ва ҳайати ҳамроҳон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Тотористонро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба андешидани тадбирҳо барои дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои ҳосилгардида байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов дар самтҳои марбут ба фаъолияти ин вазорат ибрози назар карданд.
Ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон пас аз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тотористон 2 майи соли 2019 амалӣ гардид.
Моҳи марти соли 2024 дар доираи Форуми XV байналмилалии иқтисодии «KazanForum» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин Ёддошти тафоҳум барои ҳарду ҷониб аҳамияти муҳим дошта, ба таҳкими муносибатҳои байни ду давлат тавассути табодули таҷриба оид ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ бо назардошти тамоюлҳои умумии рушди бозори меҳнат, баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон, ҳамкорӣ бо корфармоён бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду мамлакат равона шудааст.
Бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти ҳамкорӣ ҷонибҳо лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо таҳия намуданд, ки онро Вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон тасдиқ намуда, дар доираи вохӯрӣ аз ҷониби директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Минбаъд ҷонибҳо дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо таҷриба ва иттилоотро оид ба барномаҳои омӯзишӣ барои шаҳрвандони бекор, ҳамкории самаранок бо корфармоён, рушд ва истифодаи технологияҳои рақамӣ мубодила мекунанд, машғулияти дуҷониба, барномаҳои омӯзишӣ оид ба бозори меҳнат, роҳнамоии касбӣ, барқарорсозии касбӣ ва дастгирии иҷтимоӣ ташкил намуда, дар сатҳи роҳбарикунанда мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.
Татбиқи ин санад ба муносибатҳои дуҷонибаи вазоратҳо, аз ҷумла дар самти ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ такони хуб мебахшад. Бояд гуфт, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2022 бо ҷамъияти саҳомии «Минтақаи махсуси иқтисодии намуди саноатӣ-истеҳсолии Ҷумҳурии Тотористон» (ОАО «Алабуга») ҳамкорӣ намуда, бо тартиби муқарраргардида якчанд вохӯриҳо доир намуд, ки дар ҷараёни он барномаҳои таълимии «Alabuga Polytechnic» ва «Alabuga Service and Hospitality» пешниҳод гардиданд.
Ҳоло Муассисаи давлатии «Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа» бо Алабуга дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2024 ба имзо расидааст, ҳамкорӣ дорад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҷалби муташаккилонаи қувваи кориро барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Тотористон баррасӣ намуда, барои бастани шартномаҳо байни корфармоҳои Тотористон ва марказҳои дар боло гуфташуда оид ба омода намудани мутахассисон ба мувофиқа расиданд.
Ташрифи меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи бизнес–форуми доираҳои кории Тоҷикистон ва Тотористон дар ҳошияи Конфронси минтақавии ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






