Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 18, 2024 15:34

ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 сентябр зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордалӣ, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода имконияти зиёди сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди мамлакатро муаррифӣ намуда, аз Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) дархост кард, ки барои татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ITFC ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ ва офтобӣ, марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва бонкдорӣ маблағгузориро зиёд намоянд.

То имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 миллион  доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 миллион доллар амалӣ мегардад.

Директори асосии амалиёти корпоратсия Назим Нордалӣ бобати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои гуфташуда ва густариши ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд