Дар Душанбе вобаста ба нақши саноати инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 3, 2024 19:29

ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши саноати инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки зимни он коршиносон масъалаи муайян намудани самтҳои рушди саноати инноватисониро дар шароити иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба андешаи директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, давоми солҳои охир навовариҳо дар соҳаи саноат ҷомеаи ҷаҳониро ба зинаи нави рушд расонида, давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳз бо такя ба технологияҳои навтарин ба рушди бемайлони иқтисодиёт ноил мегарданд.

«Яке аз унсурҳои муҳими таъмини тараққиёти индустриалии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти молу маҳсулоти гуногун мебошад. Аҳамияти фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав дар саноат ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, афзоиши содирот ва қонеъсозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ марбут мебошад. Бинобар ин инноватсия маънии пешрафти босуръати саноатиро дорад», — баён дошт Хайриддин Усмонзода.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиши содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳон бо молу хизматрасонӣ имконияти зиёд мавҷуд аст. Ба гуфтаи коршиносон, таъсиси корхонаҳои нав, воридот ва истфодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон, қобилияти идоракунии истеҳсолот аз ҷониби онҳо, омодасозии кадрҳои баландихтсос омилҳои асосии ноил шудан ба ҳадафҳои рушди саноат ба ҳисоб мераванд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар мамлакат беш аз 3000 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, сол ба сол теъдодашон меафзояд. Дар шашмоҳаи якуми имсол дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаву коргоҳи нав ба истифода дода шуд, ки дар ин самт соҳибкорони ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар ташаккули истеҳсолоти саноатӣ бахшҳои истеҳсоли маъдан, энергетика, хӯрокворӣ ва ангишт ҳиссаи бештар дошта, дар шаш моҳи имсол дар мамлакат 251 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфт. Дар натиҷаи фаъолияти беш аз 250 корхонаи нави саноатӣ дар ҷумҳурӣ 1714 ҷойи кор фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 корхона бо 53 ҷойи нави кор, дар вилояти Суғд 91 корхона бо фароҳам овардани 681 ҷойи кор, дар вилояти Хатлон 42 корхона бо 344 ҷойи кор, дар ноҳияҳои тобеи марказ 39 корхона бо 117 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 62 корхона бо таъсиси 619 ҷойи кор ба истифода дода шуданд.

Дар самти ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии босуръат якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд. Аз ҷумла, барномаҳои саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра, ки мақсад аз қабули ин санадҳо ташаккули системаи самараноки инноватсионӣ барои мусоидат ва рушди технологӣ, таъмини рақобатпазирии истеҳсолот, ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ниҳоят- расидан ба ҳадафҳои стратегияи миллӣ мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2024 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд