Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба технологияи парвариши ангури ҷавз ва аҳамияти ғизоии он машварати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Сентябрь 22, 2024 09:17

РӮДАКӢ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзуи «Технологияи парвариши ангури ҷавз (султонӣ) ва аҳамияти ғизоии он» машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки аз навъҳои гуногуни ангур, ки дар мамлакати офтобрӯяи мо парвариш карда мешаванд, навъи ҷавз (султонӣ) яке аз беҳтаринҳо ба шумор меравад. Ин навъи ангур дар водии Ҳисор парвариш меёбад. Ба иттилои ангурпарварон, ҷойи пайдоиши ин навъи ангур Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ буда, аз ҳамин лиҳоз дар ин минтақа нашъунамои хуб мекунад.

Аз қадим ангури ҷавз (султонӣ) бо шаклу ранг ва тамъи хоси худ бартарӣ дошт ва дар дастурхони шоҳон дида мешуд. Аз ин рӯ, ба он номи «султонӣ»-ро гузоштаанд. Ҳоло дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 265 га токзор мавҷуд мебошад, ки аз он 54 гектарро навъи ангури ҷавз (султонӣ) ташкил медиҳад.

Зимни машварат мутахассисони соҳа ва токпарварон оид ба роҳҳои дурусти парвариши ток, нигоҳубини он, ҷамъоварӣ, захира ва хушк кардани ангур сухан гуфта, ба аҳли ҷамоат маслиҳатҳои муфид доданд.

Мақсад аз баргузории машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Технологияи парвариши ангури ҷавз (султонӣ) ва аҳамияти ғизоии он» шиносоӣ пайдо намудан бо таърихи навъи нодири ангур, яъне ангури ҷавз, тарзи парвариш ва аҳамияти ғизоии он ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо токпарварӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфта, саҳми он дар таъмини бозор ва мардум бо ангури хушсифат хеле калон мебошад.

Иштирокчиён дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Қодир», ки ба Ҳаитмуҳаммад Каримов тааллуқ дорад ва дар 6 гектар ба парвариши ангури ҷавз машғул аст, бо тарзи омода намудани мавиз шинос шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 22, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд