Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ҳунарҳои мардумӣ намоиш баргузор мегардад

Сентябрь 11, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба баргузории намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ба муносибати дохил  гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии  ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ дар соли 2024 ҷаласаи кумитаи тадорукоти ин намоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар ҷаласа масъалаи дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ баргузор намудани намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» баррасӣ гардид.

Намоиш моҳҳои сентябр, октябр ва ноябри имсол дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Даври аввали намоиш 17 сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки дар он зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии тоҷикон ба маъраз гузошта мешавад.

Дар ҷаласа барои дар сатҳи баланд гузаронидани  намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад