Дар шаҳри Левакант дар шароити хона занбурӯғ парвариш карда мешавад

Сентябрь 17, 2024 16:52

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант Зубайдулло Ҳамроев ба парвариши занбурӯғ машғул буда, бо фаро расидани фасли сармо парвариши онро дар гармхона оғоз мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кишоварзии шаҳри Левакант иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки талаботи сокинон ба занбурӯғ дар ҷумҳурӣ зиёд ва арзишаш хеле гарон мебошад. Аз ин рӯ, парвариши он дар шароити хона сол то сол рушд меёбад.

Ба иттилои манбаъ, таъму маззаи занбурӯғе, ки дар гармхона парвариш карда мешавад, аз занбурӯғи табиӣ фарқ надорад. Парвариши он дар шароити хона мушкил нест ва барои гирифтани ҳосили хуб  қоидаҳои агротехникии  парвариши он бояд риоя шавад.

Тавре Зубайдулло Ҳамроев мегӯяд, «дар хона аввал дар халтаҳои махсус тухми занбурӯғро мепошем. Ба мо майдаи тахта ё миқдоре коҳ ва пунбадонаи майдашудаю оҳаки обнарасида зарур мешавад. Ҳамаро якҷоя  омехта намуда, сипас онро дар об тар мекунем. Занбӯруғро дар ҳарорати на камтар аз 20 дараҷа гармӣ нигоҳ доштан зарур меояд».

Дар таркиби ин навъи занбӯруғ қариб 20 намуд моддаву витаминҳо ҷой доранд, ки истеъмоли он ба саломатии инсон бисёр муфид аст.

Занбурӯғ таъму бӯи хуш ва моддаҳои серғизо- витаминҳои А, В, Д, РР, С дошта, аз ин рӯ он чун маҳсулоти хӯрокворӣ маъмул гаштааст. Инчунин он дар таркиби худ пайвастҳои фосфор, сулфур, калий, хлор, руҳ, мис, хром, оҳан ва дигар микроэлементҳо дошта, аз 2,8 то 5 фоиз сафедаҳои зудҳазм дорад. Маҳз барои ҳамин онро «гӯшти ҷангалӣ» ё «гӯшти растанӣ» меноманд.

Моддаҳои равғани липоидҳо ва фосфоридҳои таркиби он зудҳазм мебошанд. Қанди таркиби занбурӯғ (глюкоза) онро серғизо ва ширин мекунад. Ба инсон таомҳои занбурӯғӣ фоидаи калон доранд. Аммо шахсоне, ки ба касалии ҷигар ва меъдаю рӯда гирифторанд, бояд аз истеъмоли таомҳои занбурӯғӣ худдорӣ кунанд.

Дар асари Абуалӣ ибни Сино «Ал-Қонун» дар бораи замбурӯғ  ҳамчун ғизо ва воситаи табобат маълумоти зиёди муҳим оварда шудааст.

 АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 17, 2024 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»