Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд

Сентябрь 7, 2024 15:27

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шуруъ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа иброз намуд, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми мо тақдири ояндаи давлату миллатро ба дасти хеш гирад.

«Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон мамлакати ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф  гардид. Обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори давлати мо дар арсаи байналмилалӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург мебошанд, ки ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад», — таъкид кард Далер Ҷумъа.

Вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии мамлакат ва болоравии сатҳи зиндагии халқамон бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имкониятро ба хотири ободии он равон намоем.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба як зумра корманди соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ Ифтихорнома тақдим карда шуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2024 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад