Дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Норак 286 иншооти гуногун бунёд ва навсозӣ гардид

Сентябрь 11, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар 33 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак 286 иншооти гуногун бунёд ва навсозӣ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Норак хабар доданд.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 197 биною иншоот, аз ҷумла 8 бинои маъмурӣ, 9 бинои таълимӣ, 6 бинои табобатӣ, 5 адад варзишӣ, 2 адад фарҳангӣ, 20 адад саноатӣ ва 147 бинои хизматрасонӣ, маишӣ, кишоварзӣ, фароғатию савдо ба нақша гирифта шудааст.

То ин давра аз иншооти нақшавӣ 82 адад (41,6%) сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар 82 иншооти баистифодадода 246 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи имсол зимни сафар ба шаҳри Норак якчанд иншооти соҳаҳои гуногунро мавриди истифода қарор доданд.

Аз ҷумла, ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ба кор андохтани чархаи чоруми  Неругоҳи барқи обии «Норак», корхонаи истеҳсоли равған дар заводи таҷрибавӣ-механикӣ бо муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор, таҷдиду таъмири бинои асосӣ ва навсозии биноҳои ёрирасони беморхонаи марказии шаҳри Норак, бунёди роҳҳо ва дигар иншоот, ки нишонаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба шаҳри Норак ва сокинони он мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 11, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд