Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва навсозии 12 ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст»

Сентябрь 10, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру навсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 августи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6700 иншоот бунёду таҷдид шуд, ки қариб 58 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.  Ин матлаб зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр дар шаҳри Хуҷанд баён гардид.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери парчами истиқлолу озодӣ, яъне парчами нангу номуси миллӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар ҷодаи тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёр ва фароҳам овардани зиндагии муносибу шоиста дар ҳар хонадони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Таъкид гардид, ки дар 33 соли соҳибистиқлолии давлатӣ мардуми мамлакат рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ва душвориҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро аз сар гузаронида, ҳоло бо шукрона аз сулҳу суботи комили мамлакат содиқона меҳнат мекунанд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд