ФУРӮШИ КИТОБҲОИ БЕЗАВОЛИ МАВЛОНО ЯКЕ АЗ ДУ ҶОЙИ АВВАЛРО ДАР ҶАҲОН ИШҒОЛ МЕКУНАД. Ин нобиғаи сухан мояи ифтихори мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст

Сентябрь 29, 2024 08:46

ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон 30 сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Мавлоно яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст.

Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно — «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси саъба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони бузург мебошанд. Асарҳои «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» -ду кохи бузурги маънавие ҳастанд, ки бо гузашти асрҳо на ин ки бегазанду муҷалло мондаанд, балки беш аз пеш ҷилову ҳашамат ёфтаанд.

Мавлоно шахсияти бузург ва нотакрори ирфону адаб буда, осори ҷовидонаи ӯ ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб хонандагону эътиқодмандони зиёд дорад. Ҷалолиддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаб ва илму маърифати ҷаҳонӣ мебошад.

Ӯ дар қатори чунин чеҳраҳои мондагори фарҳанги мо, чун устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Сино, Ҳаким Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Шайх Камол ва Хоҷа Ҳофизу дигарон мавқеи беназир ва ному симои оламгирро ба мо мерос гузоштааст.

Бояд гуфт, ки 7-8 июни соли равон бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, ки дар он донишмандону муҳаққиқон ва мавлоношиносон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҷамъ омаданд.

Зимни ифтитоҳи ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба иштирокдорони конфронс барои дастгирӣ ва амалӣ намудани ин пешниҳоди муҳими ҷониби Тоҷикистон изҳори ташаккур гуфт.

Иброз гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шоире мебошад, ки бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад ва ҳамасола дар борааш мегӯянду менависанд. Ҷалолиддини Балхӣ дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ осори бой боқӣ гузоштааст. Мавлоно мутафаккири бузурги замонаш буда, дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузург намудааст.

Дар конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО ва дигар олимону муҳаққиқон ва мавлоношиносон аз ташаббуси оливу сатҳи ҷаҳонӣ оид ба бузургдошти нобиғаи беҳамто Мавлонои Балх бо ташаббуси ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ сухан гуфта, ин иқдомро дар роҳи ҳамдилӣ ва дӯстиву ваҳдати халқҳои олам муҳим арзёбӣ намуданд. Иброз гардид, ки осори ҷовидонаи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст. Ду асари бузурги Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ: «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» шабеҳи оинаҳое ҳастанд, ки Мавлоно фарорӯи одамиён доштааст. Он чи дар ин оинаҳои ҷаҳоннамо инъикос ёфтааст, баёнгари ҳодисоту воқеот ва мушкилоте мебошад, ки инсон асрҳо бо онҳо даст ба гиребон аст. Ва агар инсонҳо тавсияҳои арзишманди ин шоири андешамандро ба кор гиранд, метавонанд ба бисёр душвориҳои зиндагӣ пирӯз шаванд.

Дар заминаи Конфронси байналмилалӣ дар як гӯшаи қароргоҳи ЮНЕСКО аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Институти мероси хаттӣ ва дастхатҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ» намоиши ҷашнӣ доир карда шуд. Дар он намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангии марбут ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, аз қабили нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии Маснавии Маънавӣ, Луби лубоб (шарҳи маснавӣ)-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, пайкараи Мавлоно, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори Мавлоно ва дигар осори бостоншиносӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки инъикосгари рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буданд.

Мавлонои Балхӣ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно, қодир аст заминро бо осмон хешу табор гардонад. Ҷалолиддини Балхӣ аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи қарнҳо қомат афрохтааст ва ҷилои тафаккураш забони тоҷикиро шукуҳу ҷалол бахшидааст.

Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло иброз дошт, ки «ба феҳристи хотироти ЮНЕСКО дохил гардидани «Куллиёти Мавлоно» боз ҳам як нишони дурахшони дигари эътирофи расмии фарҳанги бузурги гузаштагони мо аст, дар қатори он номгӯи падидаҳои фарҳангие, ки солҳои охир аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ  пазируфта шуданд. Албатта, эътирофи байналмиллалии  эҷодиёти  бузургони гузаштаи  мо, хусусан  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сухани нав нест.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо ифтихор метавон гуфт зодаи сарзамини мо аст, бо шахсияти беназири худ ва ду шоҳасари безаволаш «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Кабир» чандин сол аст, ки дар асоси омори расмии байналмилалӣ, дар сафи аввали хонданитарин муаллифони дунё қарор дошта, аз ҷиҳати теъдоди нашр ва фурӯши китобҳои безаволаш яке аз ду ҷойи аввалро дар ҷаҳон ишғол мекунад.

Шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси вусъати иттилоот  ва андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзуъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсониёт ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии  фалсафаву ҳикмат ва  масоили бисёри дигар бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баробар шуда тавонад. Ин ҳама вижагиҳо дар осори Мавлонои Балх, хусусан  «Маснавӣ»-и  Мавлавӣ гирд омадаанд ва ӯро имтиёз бар бисёре аз осори адабии дигари забони тоҷикӣ  бахшидаанд.

Воқеан, осори гаронбаҳо, бешабеҳ  ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол  ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва  пешгоми ҷомеа мебошад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисони ӯст.

Эҷодиёти адабию фалсафии Мавлоно барои омӯзиши таъриху фарҳанги Машриқзамин аҳамияти бузурги илмӣ дошта, дар он мақолаву ҳикматҳо, маҷмуи адабиёти ибратбахш, мисолҳо аз рӯзгори анбиёву мардумон бо таҷассуми орифонаю ошиқона гирд оварда шудаанд.

Ба андешаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон, бузургии Мавлоно дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона ба ҳадде аст, ки тибқи баъзе ривоёт, устодони забони модарии мо, чун шайх Саъдӣ ҳанӯз дар замони зиндагияш шефтаи сурудаҳои ӯ гаштаанд.

Мавлоно Ҷалолиддин ба зоҳиру ботин нахуст шоир ва донишманди миллӣ ва пас аз он фаромиллӣ аст. Муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг барои ӯ ҳамчунон азизу маҳбуб ҳастанд ва Мавлоно ба забону фарҳанги миллӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Шахсияти Мавлоно мояи ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2024 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд