ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Нақши Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон мебошад. Ин сана ба хотири имзои Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон муқаррар карда шудааст.
Тасдиқи илмии харобшавии қабати озон ҷомеаи байналмилалиро водор намуд, ки механизми ҳамкорӣ оид ба андешидани тадбирҳо барои ҳифзи қабати озонро эҷод намояд. Ин тадбир дар Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон, ки соли 1985 аз ҷониби 28 давлати дунё қабул ва имзо гардидааст, амалӣ шуд. Соли 1987 лоиҳаи Протоколи Монреал оид ба моддаҳое, ки қабати озонро вайрон мекунанд, таҳия гардид. Протоколи Монреал қариб 100 моддаи кимиёвиро дар якчанд категорияҳо назорат мекунад. Барои ҳар гурӯҳи кимиёвӣ ҷадвали марҳила ба марҳила қатъ кардани истеҳсол ва истеъмоли моддаҳои кимиёвиро муқаррар мекунад, ки дар ниҳояти кор бояд пурра аз онҳо даст кашид. 16 сентябри соли 2009 Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал аввалин шартномаҳо дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ ва тасдиқ шуданд.
Солҳои охир тағйирёбии глобалии иқлим мушоҳида гашта, фаслҳои сол хусусияти иқлимиро дигар мекунанд. Масалан, дар фасли тобистон номусоидии обу ҳаво ба назар мерасад. Дар давлатҳое, ки одатан иқлимашон муътадил буда, ҳарорат дар сатҳи муайян қарор дошт, акнун ҳарорат хеле баланд гашта, барои зист мушкилӣ пеш меорад.
Яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим зиёдшавии партовҳои газҳои гулхонаӣ, хусусан гази диоксиди карбон ба атмосфера мебошад. Ин газ дар натиҷаи сӯзонидани биомассаҳо- сӯхтори ҷангалзор, бешазор, нафт ва ангишт дар корхонаҳои саноатӣ, инчунин партовҳои нақлиётӣ хориҷ мегардад.
Таҳқиқоти илмӣ собит намудаанд, ки тағйирёбии глобалии иқлим, ки асосан ба зиёдшавии газҳои гулхонаӣ рабт дорад, аз косташавии қабати озон низ хеле вобаста аст. Косташавии озон дар натиҷаи истифодаи моддаҳои кимиёвӣ- хлорфторкарбонҳо (ХФК), гидрохлорфторкарбонҳо (ГФК), ки дар системаҳои хунуккунанда, галонҳо барои сӯхторхомӯшкунӣ ва метилбромидҳо барои фумигатсияи зироати кишоварзӣ истифода бурда мешаванд, ба вуҷуд меояд. Инҳоро моддаҳои вайронкунандаи қабати озон (МВО) меноманд. Ҳамзамон муайян гаштааст, ки ин моддаҳо дорои қобилияти баланди гармои глобалӣ буда, хусусияти калони гулхонаӣ доранд. Аз ин рӯ, зиёдшавии партовҳои дорои хусусияти гулхонаӣ дар ҳаво бевосита сабабгори тағйирёбии иқлим мегардад.
Агар ба ҳаво партофтани ин партовҳо пешгирӣ карда нашавад, таъсири ин моддаҳо ба тағйирёбии глобалии иқлим нисбат ба дигар газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла гази диоксиди карбон СОз даҳҳо ва садҳо маротиба зиёдтар мебошад. Ин далелҳо аҳли ҷамеаро водор месозанд, ки дар ҳалли проблемаҳои ҳифзи қабати озон ва паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим тадбирҳо андешида, дар ҳар маврид чунин моддаҳоро коркард ва истифода намоянд.
Протоколи Монреал дар асоси Конвенсияи Вена тадбирҳои заруриро оид ба ҳифзи озони стратосфера таҳия намуд. Протокол тартиб ва меъёрҳои давра ба давра кам кардани истеҳсол ва истеъмоли моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, инчунин чораҳои танзими истеҳсол ва воридоту содироти онҳоро муайян менамояд. Конвенсияи Вена, инчунин Протоколи Монреал ба ҳамкории глобалӣ дар кори ҳифзи қабати озон дар стратосфера ибтидо гузошт. Моҳияти проблемаҳои вобаста ба нигоҳ доштани озони стратосфериро зиёда аз 190 давлати ҷаҳон дарк карда, Конвенсияи Венаро ба тасвиб расониданд ва ба Протоколи Монреал ҳамроҳ шуданд. Тоҷикистон низ ба онҳо ҳамроҳ шуд.
Соли 1998 барои таҳияи Барномаи миллии мамлакат бобати ҳифзи қабати озон гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Он таҳияи Барномаи миллиро муваффақона ба анҷом расонид ва соли 1999 он аз тарафи Шурои фонди глобалии экологӣ қабул гардид. Ҳадафи ин барнома нораво донистани нигоҳдорӣ ва истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад.
Барномаи миллӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон бармеояд, таҳия шудааст. Таҳлили маълумот нишон дод, ки Тоҷикистон моддаҳои вайронкунандаи қабати озони таҳти назорати Протоколи Монреал қарордоштаро истеҳсол накарда, бакли онро дар шакли тоза ва маҳсулот истифода мебарад. Ҳукумати мамлакат вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи қабати озони замин мақсад дорад, ки барои иваз кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва ҷорӣ намудани технологияи бехатарии аз ҷиҳати экологӣ безарар аз имконияти мавҷуда истифода барад.
Тоҷикистон оид ба назорат ва танзими истеъмоли моддаҳои вайронкунандаи қабати озон барои иҷрои уҳдадориҳояш тадбирҳои зарурӣ меандешад. Самти стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз иштироки фаъолона дар кори нигаҳдорӣ ва барқарор намудани қабати озон ва паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлими сайёра дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат иборат мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият






