ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Кори мураттаби дил ба тамоми узвҳои бадани инсон вобастагии зич дорад

Сентябрь 29, 2024 10:47

ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии дил, ки ҳамасола ба 29 сентябр рост меояд, бори аввал соли 1999 бо ибтикори  Федератсияи умумиҷаҳонии дил пешниҳод гардида  буд. Ин ташаббусро Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНЕСКО ва дигар  созмонҳои  бонуфузи ҷаҳон  дастгирӣ намуданд. Мақсади гузаронидани ин рӯз бори дигар огоҳ намудани инсоният аз  хатарҳое аст, ки  тавассути  бемориҳои дил ба одамон таҳдид мекунанд.

Тавре табиби кардиолог Наим Амирзода иброз дошт, кори мураттаби дил ба тамоми узвҳои бадан  вобастагии зич дорад ва онро муҳимтарин узви инсон меноманд. Дил дар тарафи чапи қафаси сина (аҳёнан дар самти рост низ) дар байни ду шуш ҷойгир аст ва тақрибан баробари мушти худи шахс мебошад. Дили одами калонсол ҳудуди 300 грамм вазн дорад. Дар баъзе  ҳолатҳо вазни дили варзишгарон то ба 450 грамм мерасад. Дил кашиш хӯрда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дар ҳолати оромӣ дил дар як дақиқа 70-75 маротиба кашиш мехӯрад.

Аммо солҳои охир тибқи хулосаи  табибон, бемории дилу рагҳо  афзоиш ёфтааст. Ин беморӣ ҳоло дар байни ҷавонон низ бештар мушоҳида шуда, яке аз даҳ сабаби фавти бармаҳали одамон   ба он рабт дорад.

Наим Амирзода  иброз намуд, ки ба бемориҳои дилу рагҳо як гурӯҳи бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар- бемории ишемикии дил, бемории мағзи сар, бемории артерияи периферӣ, бемории ревматикии дил, тромбози амиқ ва эмболияи шуш дохил мешаванд.  Бемориҳои дил меросӣ низ буда метавонанд.  Бояд гуфт, ки дили инсон то чордаҳсолагӣ инкишоф меёбад. Ҳаёти носолим (истеъмоли машруботи  спиртӣ, тамоку, маводи мухаддир) новобаста ба синну сол инсонро ба бемориҳои дил гирифтор мекунад.

Тибқи маълумоти ҷамъияти дилпизишкон, сабабҳои пайдоиш, инкишоф ва паҳншавии бемории дил инчунин ғизои серкалория, фишори шараёнӣ, камҳаракатӣ ва стресс низ шуда метавонанд.

Наим Амирзода иброз намуд, ки баъзе нафарон  аз баландшавии фишори хунашон бехабар монда, муддатҳои тӯлонӣ барои рафъи дарди сар бе тавсияи табиб ё худсарона доруҳои гуногун истеъмол мекунанд. Қисми дигар, гарчанде аз бемориашон огоҳ ҳастанд, нисбат ба табобат беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Ҳол он ки тибби тоҷик дар табобати фишори баланди хун ба комёбиҳо ноил шудааст.

Бояд гуфт, ки нишонаҳои пайдоиши бемории дил дар баъзе беморон ба воситаи дард ё вазнинӣ (ҳисси ноҳинҷорӣ) метавонад дар даст, гардан ё ҷоғ ба мушоҳида расад. Дар вақти саршавии ин беморӣ дардҳо асосан ҳангоми кори ҷисмонӣ, хастагии асаб, ҳавои сард, ё ҳаракат пас аз истеъмоли зиёди ғизо ба вуҷуд меоянд. Баъзан ин дардҳо метавонанд дар оромӣ ва ё ҳатто ҳангоми хоб пайдо шаванд. Сабаби асосии тангшавии рагҳо  ҷамъшавии чарбҳо дар девораҳои дил мебошад, ки онро «атеросклероз» меноманд. Ҳангоми зиёд шудани талабот ба оксиген ва дигар ғизоҳо (масалан, ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ) эҳтимоли сар задании сактаи шадиди миокард хеле зиёд аст.

Бо мурури замон дастгоҳҳои муосире пайдо шудаанд, ки назар ба солҳои қаблӣ ташхисро мушаххас ва қариб 100 фоиз дуруст муайян менамоянд.

Пештар беморон бо сабаби кам муҷаҳҳаз гардидан бо дастгоҳҳои ташхисии муосир барои табобат гирифтан ба хориҷи мамлакат мерафтанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, алалхусус   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардид. Имрӯз дар ҷумҳурӣ техникаву технологияҳое фароҳам оварда шудаанд, ки барои муайян намудани бемории дилу рагҳо кумак менамоянд ва дар ин самт мушкилии ҷиддӣ  боқӣ намондааст.

«Тавсияи ман ҳамчун табиби ин соҳа чунин аст, ки ҳар нафар бояд ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои нахустини бемории дилу рагҳо ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат ва кумаки аввалини тиббиро қабул намояд. Зеро тавре мегӯянд, «табиби ҳар кас худи ӯст», — гуфт Наим Амирзода.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2024 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд
Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ дар ташаккули парламентаризм нақши асосӣ бозидааст
Музаффар Ашуриён: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад»
Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад
Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рушд меёбад»
Ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» оғоз гардид
Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия дар мавзуи рушди саноатикунонии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд