ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДОРУСОЗ. Дар Тоҷикистон 64 корхонаи дорусозӣ фаъолият мекунад

Сентябрь 25, 2024 09:56

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии дорусоз маҳсуб мешавад. Ин иди касбии мутахассисони соҳаи дорусозӣ мебошад. Санаи ин ид ба рӯзи таъсиси Федератсияи байналмилалии фармасевтӣ (1912)- ташкилоти умумиҷаҳоние, ки манфиатҳои соҳаи дорусозӣ, илм ва саноатро намояндагӣ ва ҳимоя мекунад, рост меояд.

Дар Тоҷикистон 64 корхонаи ватании дорусозӣ фаъолият намуда, 592 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ истеҳсол менамоянд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардидааст. Мақсади асосии он таъмини рушди устувори саноати дорусозӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат беҳтар намудани дастрасии аҳолии мамлакат ба дору ва молҳои тиббӣ, инчунин ҷалби сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойи нави кор мебошад. Барнома тамоми уҳдадориҳо, мушкилоти ҷойдошта дар соҳа ва роҳҳои ҳалли онро барои рушди саноати дорусозӣ фаро мегирад.

«Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» асосан ба бештар кардани ҳиссаи дорувории истеҳсоли ватанӣ равона гардидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 рушди саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон махсус таъкид гардид. Сарвари давлат вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намуданд, ки бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ якҷо бо дигар сохтору мақомот ва ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин кунанд.

Бо таъсири тағйирёбии иқлим, иваз шудани таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ, афзоиши аҳолӣ ва чандин омилҳои дигар талаботи инсон ба дору рӯз то рӯз меафзояд. Вобастагӣ ба дору чунон зиёд  гаштааст, ки баъзе одамон қариб ҳар рӯз дору истеъмол мекунанд.

Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 5 августи имсол зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт, дар шаш моҳи аввали соли равон ба маблағи беш аз 53  миллион доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ дору ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  3,28 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Фаъолияти 234 муассисаи фармасевтӣ ва 158 муассисаи табобатию профилактикӣ санҷида шуда, аз онҳо 735 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ ба миқдори 4321 адад аз муомилот гирифта шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли 2023  602 номгӯй ва 11 696  адад кам мебошад.

Дар бахши дорусозии соҳаи тандурустии мамлакат омодакунии кадрҳои босалоҳияту донишманд ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, инчунин бозомӯзии мутахассисон аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии касбии мамлакат буда, дар он мутахассисони соҳаи тандурустӣ омода карда мешаванд.

Бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» таъсис дода шуда, фаъолияти он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.

Мақсади асосии фаъолияти ин марказ фароҳам овардани шароит барои ташкил ва гузаронидани раванди таълиму тарбия, таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ, корҳои истеҳсолӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ ва дар сатҳи баланд омӯзонидани маҳорати касбӣ мебошад. Ин барои тайёр кардани мутахассисони баландпояи соҳаи фарматсия дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 25, 2024 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд