Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик, -бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар Агентии омор

Сентябрь 6, 2024 11:12

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият – шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мояи  ифтихори миллати тоҷик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол боз низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Бешубҳа, метавон гуфт, ки истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор меравад. Чунин иброз гардид дар ҳамоише, ки дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Зимни он иброз гардид, ки имсол мардуми тоҷик дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакатро натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдоми қаҳрамононаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки давоми 33 сол дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат рушди устувор таъмин гардида, заминаҳои мусоид барои пешрафти рӯзафзун гузошта шудаанд.

Дар қатори дигар самтҳо соҳаи омори миллӣ ҳам ҳамасола ба дасотвардҳои назаррас ноил мегардад.

Дар ҷамъомад як зумра кормандани мақомоти омори ҷумҳурӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари меҳнатӣ дар рушди омори давлатӣ бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2024 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд