«ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Сентябрь 4, 2024 08:51

ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлол ва занон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш иброз гардид, ки миллати тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолӣ давоми 33 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи тоҷик назир надорад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат занони тоҷик дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб гардиданд.

«Ин соҳибэҳтиромӣ имконият дод, ки занон дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат нақши муассир гузоранд. Имрӯз зан-модари тоҷик вакил, вазир, сафир аст ва ҳамчун олиму омӯзгор, табибу сиёсатмадор, ҳунарманду варзишгар, рӯзноманигору ихтироъкор ва муҳандису ҳомии Ватан дар пешрафти ҷумҳуриамон саҳм мегузорад», — афзуд Бунафша Файзиддинзода.

Иброз шуд, ки дар паси ҳар марди муваффақ зану модаре меистад ва мардони бузургро модарони матиниродаву соҳибмаърифат ба дунё оварда, ба камол мерасонанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози давлатдории навин перомуни таҳким бахшидан ба мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, онҳоро мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Дар замони Истиқлолият бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда як силсила санадҳои зарурӣ қабул гардида, дар амал татбиқ карда мешаванд. Ҳадафи асосӣ аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, муайян намудани нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон маҳсуб мешавад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни ҳамоиш гуфт, ки агар соли 1989 дар мамлакат 66 ҳазор духтарон мактабҳои олиро хатм карда бошанд, соли 2023 256 ҳазор духтарони тоҷик соҳиби маълумот гардиданд, ки ин самараи Истиқлоли давлатии миллати тоҷик аст.

«Имрӯз дар 50 давлати дунё ҷанг аст. Танҳо дар Ғаззаи Фаластин дар муддати 1 сол камтар беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳо кӯдакон буда, оҳи модарони Ғазза то ба афлок расид. Пас чаро мо бояд имрӯз шукрона аз оромиву ободӣ ва Истиқлолияти давлатамон накунем?»,-афзуд Гавҳар Шарофзода.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ махсус таъкид мегардад.

Тибқи маълумоти оморӣ, занон 49,3 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд. Ҳоло қариб 71 фоиз кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоиз кормандони соҳаи маориф, 27 фоиз кормандони илм, 47 фоизи соҳаи фарҳанг, 39 фоизи соҳаи бонкдорӣ, 25 фоизи соҳаи алоқа, аз ҷумла қариб 40 фоиз дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону духтарон мебошанд.

Дар конференсия ба як зумра занони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид