ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Тоҷикон аз азал ғояи давлатдории миллиро нигоҳ доштаанд

Сентябрь 7, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ғояи давлати миллӣ падидаи ҳаётан муҳим буда, заминаи пешрафти минбаъдаи давлатдории тоҷикон аст. Инкишофи ин ғоя дар асоси анъанаҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ-фарҳангӣ, хусусияти ба тоҷикон хоси тафаккур, вазъи ҷуғрофӣ ва геополитикии давлат бояд пешбарӣ ва истифода гардад. Чунин иброз медорад муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  Илҳом Камолзода.

— Дар адабиёти илмии Тоҷикистон низ ба ғояи давлати миллӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Ғояи давлати миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи файласуфон, сиёсатшиносон, ҷомеашиноносон, фарҳангшиносон, таърихнигорон ва ҳуқуқшиносон қарор дорад.

Дар Тоҷикистон ҷузъи давлатдории миллӣ — соҳибихтиёрӣ аст. Ин андеша дар илми ҷумҳурӣ васеъ истифода мешавад. Соҳибихтиёрии давлат  соҳибихтиёрии халқ ва миллатро ташкил менамояд. Аз ин ҷост, ки Истиқлоли давлатӣ ҷузъи соҳибихтиёрӣ эътироф мешавад. Сарфи назар аз мавҷудияти мушкилиҳои геопалитикию сиёсӣ ғояи давлати миллии тоҷикон дар масири таърих мубрамияти худро гум намекунад.

Мутафаккирон ва олимону адибони тоҷик барои зинда намудани ғояи давлати миллӣ дар шуури тоҷикон кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Эҳёи дубораи ин ақида далели он аст, ки тоҷикон асрҳои тӯлонӣ дар орзуи бунёди давлати миллии хеш буданд ва ғояи давлатдории миллиро нигоҳ доштанд.

Дар масири таърих тоҷикон ду маротиба дар таърихи хеш ба имкони амалӣ намудани ғояи давлати миллӣ зафарёб шуданд. Бори якум — ҳангоми таъсиси давлати асри миёнаи Сомониён ва маротибаи дуввум дар замони имрӯзаи бунёди давлати соҳибихтиёри ҳуқуқбунёди иҷтимоии ҳазорсолаи сеюм.

Бо ташкили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ғояи давлати миллӣ баъди танаффуси чандасра аз нав ва дубора эҳё гашт. Ғояи давлатдории миллӣ баъди ин давраи дароз эҳё гардид. Дар ин муддат тоҷикон аз анъанаҳои давлатдории миллиашон то андозае дур шуданд, азбаски вориди давлатҳои ба фарҳанги онҳо бегона гашта буданд, бо анъанаҳои фарҳангӣ-тамаддунии хилофи манфиатҳои миллиашон наздикӣ пайдо намуданд. Чунин танаффуси беш аз ҳазорсола дар инкишофи давлатдории миллӣ ба инкишофи ғояи давлати миллӣ таъсири манфӣ расонид.

Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, тоҷикон аз ҳамаи озмоишҳои таърихӣ сарбаландона баромаданд ва ҳоло, баъди беш аз ҳазор сол соҳиби давллати миллии хеш шуданд. Аз ин хотир, вазифаи аз ҳама асоситарини халқи Тоҷикистон — ин нигоҳ доштани ҳамин музаффарияти давлатӣ ва истиқлолияти давлатӣ аст.

Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо атрофи худшиносии миллӣ ва эҳтироми суннатҳои таърихӣ-миллӣ ҳарф мезананду тоҷиконро ба таҳкими  давлати миллӣ даъват менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1996 ба мардуми ҷумҳурӣ- зиёиён, эҷодкорон ва шоиру нависандагони мамлакат муроҷиат намуда, гуфта буданд: «Аҳдномаи ризоияти миллии ҷомеаи Тоҷикистонро, ки санади хеле пураҳамияти таърихӣ мебошад, дастури фаъолият қарор дода, мардумро бо қудрати калом ва маҳсули тафаккури хиради худ ба муттаҳидӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят кунед, анъанаҳои наҷиби дӯстпарварӣ ва мардумпарастии халқамонро васеъ таблиғ намоед, дар асарҳоятон идеалҳои олии инсонӣ, маърифатпарварӣ, ору номуси ватандӯстӣ ва худшиносиро ситоиш намоед».

Ғояи давлати миллӣ, ки ҳоло дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, баёнгари мазмун ва ҳадафҳои давлатдории миллӣ мебошад ва аз хислатҳои зерин иборат аст:

— ғояи давлати миллии Тоҷикистон — ин ғояи давлати тозабунёди соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тоҷикон пас аз танаффуси тӯлонӣ, азбаски раванди давлатдории миллӣ беш аз ҳазор сол қатъ гашта буд, ба бунёди давлати нави миллӣ шуруъ намуданд. Онҳо имкони дуюми амалӣ намудани ғояи давлати миллии хешро пайдо намуданд.

— ғояи давлати миллӣ заминаи бунёди давлати сифатан ва мазмунан нави Тоҷикистон аст, ки ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҳаёти ҷомеаи ҳам Тоҷикистон ва ҳам ҷаҳон аст.

— дар айни замон ғояи давлати миллӣ дар шароити густариши равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва вориди ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ гаштани давлат чун субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналхалқӣ дар фазои ягонаи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳарбиву иттилоотӣ ва сиёсиву фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалӣ мешавад, ки заминаи хуби пешрафти давлат аст.

Халқи тоҷик имрӯз дар шароити бунёди давлати миллии ҳуқуқбунёди демократии соҳибихтиёр ва дунявӣ дар робита бо эҳсоси ғояи давлатдории миллӣ қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ободкорӣ вусъат меёбад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 3903 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан бунёд мегардад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар деҳаи дурдасти Кӯҳони шаҳри Ҳисор бинои мактаби нав сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кӯли шаҳрӣ ва меҳмонхонаи «Хуҷанд»-и шаҳри Бӯстон пурра таҷдид мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар шаҳри Хуҷанд се кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ фермаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Исфара беш аз 121 километр роҳ мумфарш карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 91,9 км роҳҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор мумфарш гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда сохта мешавад