«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Гулнора Ҳасанзода иброз намуд, ки имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талош ва иқдоми созандаи Пешвои миллат маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат равона гардидаанд. «Ҷавонон чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла пешрафти соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми босазо гузоранд»,-баён дошт вазир.
Гулнора Ҳасанзода ҷавононро даъват намуд, ки дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, инчунин мутахассиси хуб бошанд, зеро нафаре, ки воқеан ҳам соҳибкасбу мутахассиси хуб аст, дар ҳама ҷо метавонад соҳиби ҷои кор ва маоши хуб гардад.
Таъкид гардид, ки дар замони имрӯза вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр пурпечутоб буда, аз ҳар ҷавони худогоҳу ватандӯст зиракии сиёсӣ талаб мекунад. Ба қадри сулҳу субот ва осоиштагӣ бояд расид ва ҳамеша барои ҳифзи он тамоми саъю кӯшишро равона кард.
«Ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат ҷавононро мебояд дар марҳилаи имрӯзаи давлатдорию давлатсозӣ бо илму дониши қавӣ, ақлу заковати зеҳнӣ, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдоми бунёдкорона, касбу ҳунари воло, дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат саҳми арзишманд гузоранд»,-афзуд Гулнора Ҳасанзода.
Ба андешаи муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. «Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст», — мегӯяд ӯ.
Бояд таъкид намуд, ки дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат маҳз ҷавонон саҳми арзанда дошта, онҳо тамоми кӯшишу талошашонро ба ободии диёр равона менамоянд. Ҳамин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардидааст: «Мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Тибқи таҳлили оморӣ, аз шумораи умумии аҳолӣ 32,9%-и онро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил дода, синни миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?






