Намоядагони Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар Гурҷистон иштирок намуданд

Сентябрь 28, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ (World Tourism Day — 2024) ҳамоиш доир  гардид, ки дар он намояндагони  Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба  АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар  доираи ҳамоиши мазкур  бо намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бахши сайёҳӣ вохӯрӣ намуд.

Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили зимни вохӯрӣ бо Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки моҳи декабри имсол бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос мешавад.

Ҳамчунин намоядагони Тоҷикистон бо масъулони дигар донишгоҳҳои сайёҳии хориҷӣ низ вохӯрӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид