«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Маросими ифтитоҳи курси шашуми маҳфили омӯзишӣ доир шуд

Сентябрь 28, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» курси шашуми маҳфили омӯзиширо  оғоз намуд. Дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъоли муассисаҳои оливу миёнаи касбии мамлакат ва 4 нафар хизматчии давлатӣ ба муҳлати се моҳ ба омӯзиш ҷалб гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  27 сентябр зимни мароси ифтитоҳи курси омӯзишӣ ҳамоиш доир гардид, ки дар он иштирокчиён нахуст аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ёдовар шуда, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки курси омӯзишӣ дар баробари Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»,  инчунин аз ҳисоби ҷавонони фаъоли маҳал ва минтақаҳо дар назди бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши 68 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил гардид.

Гуфта шуд, ки дар рафти баргузории курси омӯзишӣ маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо даъват гардида, шунавандагони курс давоми се моҳ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ аз наздик шинос мегарданд. Инчунин иштирокчиён баъди хатми курс бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд