«ПАНҶ ҚИТЪА». Таҳти чунин унвон дар Сирки давлатии Тоҷикистон намоиш баргузор мешавад

Сентябрь 28, 2024 15:52

ДУШНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 сентябр дар Сирки давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Панҷ қитъа» намоиши дастаҳои сирки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегардад, ки то 27 октябр идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сирки давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоиш бо ибтикори масъулини сирк ва иштикори ҳунармандони панҷ давлати ҷаҳон- Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон доир мешавад.

Намоиши сиркӣ ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе  пешниҳоди тамошобинон гардонида мешавад. Дар он ҳунармандон бозиҳои сиркӣ бо иштироки ҳайвонҳо- паланг, шер, хирс, асп ва ғайраро пешниҳод менамоянд.

Инчунин намоишҳои зебо бо иштироки гимнастҳо ва  масхарабозон дар назар аст.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2024 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд