Пешвои миллат барои саъю талоши ватандӯстона ба сокинони ҳимматбаланд, соҳибкорони бонангу номус ва фаъолони ноҳияи Ашт миннатдорӣ баён намуданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми се соли охир дар ноҳияи Ашт 850 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 160 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст ва нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барзиёд таъмин гардидааст. Ин дастовард боиси аҳсан ва намунаи ибрат барои дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошад. Барои саъю талоши ватандӯстона ба сокинони ҳимматбаланд, соҳибкорони бонангу номус ва фаъолони ноҳияи Ашт як ҷаҳон ташаккуру миннатдории худро баён менамоям. Чунин иброз намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт, ки 8 сентябри соли равон доир гардид.
«Мо зимни сафари навбатӣ ба ноҳияи Ашт ба фаъолияти якчанд иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла майдони Нишони давлатӣ, корхонаҳои нассоҷӣ, фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, маҷмааи варзиш ва маркази савдову хизматрасонӣ оғоз бахшида, шоҳиди вусъати корҳо дар як қатор иншооти дигар гардидем. Бояд гуфт, ки сокинони ноҳия, махсусан, соҳибкорони бонангу номуси он бо кору фаъолияти содиқонаашон дар амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат дар ҷодаи рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, бунёди роҳу пулҳо, иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд»,-изҳори қаноатмандӣ намуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат хотиррасон шуданд, ки дар натиҷаи чунин иқдомоти ватандӯстона барои аҳолӣ то имрӯз ҷойҳои зиёди корӣ таъсис дода шудаанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ашт 26 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд






