Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябр зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда дар Ню-Йорк.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор иқдоми муштарак дар таъмини сулҳу суботи пойдор маҳсуб мешавад.
Аз ин лиҳоз, мо дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштаракро бо мақсади пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёрӣ барои таъмини амнияти фарогир муҳим мешуморем.
Тоҷикистон ба сифати давлати мизбони «Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм» аз дарҷ гардидани ин мавзуъ дар паймон дар баробари дигар мавзуъҳои калидӣ истиқбол менамояд.
«Мо бояд ҳамкории байналмилалӣ, табодули иттилоот ва таҳкими иқтидорро барои пешгирии зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ густариш диҳем»,-таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






