Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО «Роғун» шинос шуданд

Сентябрь 27, 2024 10:49

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд.

Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи энергетика анҷом ёфтааст.

Дарозии дарвозаҳо 12,5 метрро ташкил дода, бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳои ватании насби таҷҳизоти гаронарзиш сохта мешавад.

Бояд гуфт, ки корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот аз соли 2019 оғоз гардида, онро бинокорони корхонаи пудратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” ба иҷро расонидаанд.

Иҷроиши корҳои васлу насби оҳанфулузот ва таҷҳизоти гидромеханикӣ дар ин минтақа мутаносибан 1150 ва 936 тоннаро ташкил медиҳад.

Дарвозаҳои таъмирӣ дар неругоҳҳои обӣ яке аз ҷузъҳои муҳими иншоот ба шумор рафта, дар ҳолатҳои таъмир ва садама истифода мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии “Роғун” баъди боздид аз дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум, аз шохаи “А”-и нақби мазкур дидан карданд.

Нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои “А” ва “Б” иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад.

Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.

Дар минтақаи камераи дарвозаҳои шохаи “А” кор тибқи лоиҳа идома дошта, то имрӯз корҳои бетонхобонӣ 1271 метри мукааб, корҳои кафшерӣ 489 метр ва васлу насби варақаҳои оҳанин ба пуррагӣ ба иҷро расидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва суҳбат бо бинокорон, аз натиҷаи кор дар ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда барои саривақт ва мувофиқ ба талабот иҷро намудани корҳои боқимонда дастурҳои мушаххас доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки “Роғун” дар рӯди Вахш бунёд гардида, бузургтарин дар силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори 3600 МВт дар Осиёи Марказӣ ҳам калонтарин неругоҳ маҳсуб мешавад.

Агрегати нахустини Неругоҳи обии “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Зимни боздидҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарон даъват менамоянд, ки содиқонаву софдилона фаъолият намуда, ҳар як кори ба зиммаашон гузошташударо тавре анҷом диҳанд, ки садсолаҳо барои миллати тоҷик хизмат намояд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои тезонидани корҳои бунёдӣ дар дигар минтақаҳои иншоот ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти кишвар Неругоҳи обии “Роғун”-ро яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар номида, пурра ба фаъолият пардохтани онро барои давлату миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ арзёбӣ намуданд.

Бунёдгузори кохи нур – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо бинокорон, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва саҳм гузоштан дар бунёди иншооти аср – Неругоҳи обии “Роғун” ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки номи ҳар яки онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва барои ояндагон намунаи ибрат хоҳанд шуд.

Зимни боздид аз Неругоҳи обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Боздид аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО “Роғун” 27.09.2024

Сентябрь 27, 2024 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» саҳм мегузорад
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузории сохтмони НБО «Роғун» дар ҳаҷми 350 миллион доллари ИМА қарори дахлдор қабул намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд