Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар вилояти Хатлон ба як гурӯҳ кормандон мукофотҳои давлатӣ супорид
ДУШАНБЕ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони гуногункасб мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни миллӣ — 33-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда буданд, супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мукофот ва унвонҳои давлатӣ ба 17 намояндаи гуногункасби вилоят тақдим гардид.
Ҳамчунин имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом медиҳад.
Нахуст дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Сарвазири мамлакат 3 муассисаи нави таълимӣ ва як ошхонаи замонавӣ дар назди мактаби рақами 20 мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун низ муассисаҳои нави таълимиро ифтитоҳ мекунад.
Тафсилоти бештари хабар нашр мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд






